Журналистони тоҷик баҳри ҳуқуқҳои худ мубориза бурданианд

Ба хотири дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои васоити ахбори умум ва ҳамчунин таъмини ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон, роҳбарони ВАО ва медиа-созмонҳои Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд. Бино ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, ташкили вохӯрии журналистон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ оид ба далелҳои рафтори номуносиби кормандони сохторҳои қудратӣ […]


Ба хотири дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои васоити ахбори умум ва ҳамчунин таъмини ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон, роҳбарони ВАО ва медиа-созмонҳои Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд.

Бино ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, ташкили вохӯрии журналистон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ оид ба далелҳои рафтори номуносиби кормандони сохторҳои қудратӣ бо намояндагони ВАО, аз ҷумла дар тазоҳуроти тоҷирони бозори «Корвон» аз ҷумлаи бандҳои асосии нақша мебошанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳодисаи тазоҳуроти тоҷирони бозори «Корвон» дар пойтахт дастикам 9 амали нақзи ҳуқуқи касбии рӯзноманигорони тоҷик ба қайд гирифта шудааст.

Дар нақшаи чорабиниҳо ҳамчунин баргузории аксияи «100 рӯзи озодӣ дар Тоҷнет», аз ҷумла чоарбиниҳо тариқи он-лайн дар Тоҷнет, рекламаи модулӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рекламаи иҷтимоӣ дар радио ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Созмонҳои медиа доир намудани чорабиниҳои инфиродӣ бо маъмурони интернет-кафеҳо, нашр ва паҳн кардани варақаҳои маърифатӣ, ташкили мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин омодасозии муроҷиати созмонҳои медиа ба Суди конститутсионӣ оид ба масъалаи қатъи ғайриқонунии дастрасӣ ба сомонаҳо дар шабакаи Интерет дар назар аст.

  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.