Ҳукми 18 соли зиндон ба сардори посгоҳи марзӣ барои бачабозӣ ва нашъаҷалобӣ

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар афсарон ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов иттилоъ дод, сардори посгоҳи марзии «Кокул» сарлейтенанти қисми низомии 2133-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Ҷовидон Абдуллоев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 139, қ. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар афсарон ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов иттилоъ дод, сардори посгоҳи марзии «Кокул» сарлейтенанти қисми низомии 2133-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Ҷовидон Абдуллоев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 139, қ. 1 (Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта бо истифодаи зӯроварӣ), 391, қ. 1 (Сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан),  200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан), 289, қ. 3 (Қочоқ) ва 378, қ. 1 (Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо  овардани хизмати сарҳадӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Боз як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ – лейтенанти қисми низомии зикршуда Ғайрат Шарифов ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам дониста шуда, бо ҳукми суд ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Прапоршик Саидмуроди Тағоймурод низ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва вайронкунии қоидаҳои ба ҷо  овардани хизмати сарҳадӣ ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки рӯзи 12-уми апрели соли равон зимни қарор доштан дар посгоҳи марзии «Кокул» Ҷ.Абдуллоев дар ҳолати мастӣ сарбози қаториро ба хонаи истироҳат даъват намуда, ба номуси ӯ таҷовуз мекунад. Ғайр аз ин, муайян карда шудааст, ки ӯ бо қочоқбарони афғон робита доштааст.

«Ӯ дар минтақаи марзӣ як пинҳонгоҳе бунёд карда, рӯи 27-уми апрел бо тобеъони худ аз онҷо се халтаи маводи мухаддири аз ҷониби афғонҳо гузоштаро мегирад ва дар ҷойи дигар пинҳон мекунад, – гуфт судя. – Худи ҳамон рӯз дар ҷараёни амалиёти фавриву тафтишотӣ кормандолни КДАМ Абдуллоев, Шарифов ва Саидмуроди Тағоймуродро бо далели шайъӣ – 47 кило маводи мухаддири афюн ва ҳудуди 10 кило ҳашиш дастгир карданд».

Судя илова намуд, ки дар доираи қонунгузории ҷорӣ маҳкумшудагон ба шикоят овардан аз болои ҳукми суд ҳуқуқ доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.