Собиқ афсари Вазорати мудофиа ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз суди гарнизони ҳарбии Хатлон собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Ҳаммаслаки ӯ шаҳрванд Қурбоналӣ Шодмонов ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Онҳо ба нашъаҷаллобӣ гунаҳкор дониста шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, Исломҷон […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Имрӯз суди гарнизони ҳарбии Хатлон собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Ҳаммаслаки ӯ шаҳрванд Қурбоналӣ Шодмонов ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Онҳо ба нашъаҷаллобӣ гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, Исломҷон Иброҳимов ва Қурбоналӣ Шодмонов мутобиқи моддаи 200, қ. 3, бандҳои «в, г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ айбдор дониста шуданд.

Зимни суханронӣ дар мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз суд барои Иброҳимов 11 ва барои Шодмонов 10 соли ҳукми зиндонро талаб кард.

«Дар сухани охирини худ айбдоршудагон якдилона изҳор амуданд, ки кормандони фаврии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон онҳоро фиреб дода ва аз суд дархост карданд, ки нисбаташон ҳукми одилона содир гардад, – гуфт судя. – Аммо дар мурофиаи судӣ айби онҳо пурра исботи худро ёфта, Иброҳимов ба 9 ва Шодмонов ба 5 соли зиндон маҳкум карда шуданд».

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон як корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо Исломҷон Иброҳимов дар тамос шуда, ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази автомашинаи тамғаи «Опел» маводи мухаддири дар дасташ бударо ба ӯ диҳад. Рӯзи дигар дар қаламрави бозори фурӯши автомобилҳои шаҳри Кӯрғонтеппа кормандони милиса И.Иброҳимов ва Қ.Шодмоновро бо далели шайъӣ дастгир намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.