Боздоштшуда худро аз тирезаи АНМН ба замин афканд

Шаби гузашта як боздоштшуда худро аз тирезаи ошёнаи 6-уми бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба замин афканд. Аз Агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷавони 22-сола ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи муххадир боздошт ва аз ӯ як миқдор героин дарёфту мусодира гардида, ба агентӣ оварда шудаааст ва ин ҳодиса […]

ASIA-Plus


Шаби гузашта як боздоштшуда худро аз тирезаи ошёнаи 6-уми бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба замин афканд.

Аз Агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷавони 22-сола ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи муххадир боздошт ва аз ӯ як миқдор героин дарёфту мусодира гардида, ба агентӣ оварда шудаааст ва ин ҳодиса баъди ним соати овардани ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Пас аз худро ба замин афкандан ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фирдавсии пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони прокуратура сабти видеоии ин ҳодисаро, ки аз ҷониби кормандони агентӣ наворбардорӣ шудааст, мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додаанд. Аз ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълумот дода намешавад.

Қобили зикр ас, ки ин ҳодисаи нахустини даст ба худкушӣ задании боздоштшудагон нест. Соли гузашта Баҳромиддин Шодиеви 22-сола дар шуъбаи эҳёгарии Маркази мили тиббӣ фавтида буд, ки ӯ ба инҷо аз ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур оварда шуда буд.

Кормандони милисаи шуъбаи мазкур изҳор карда буданд, ки пас аз боздошту ба шуъба овардан ӯ худро аз ошёна 2-юм ба берун партофта, ба ин ҳол расидааст.

Наздикони боздоштшуда бошад, гуфта буданд, ки ӯ мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расидааст.

Дар мавриди марги боздоштшудаи дигар Сафаралӣ Сангов дар Маркази миллии тиббӣ низ наздиконаш бар ин назаранд, ки ӯ аз ҷониби кормандони ШКД-и Сино-1-и пойтахт бераҳмона лату кӯб шуда, даст ба худкушӣ задааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.