Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ

Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Ҳунбо мулоқот намуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти […]


Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Ҳунбо мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтомоии СММ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар ояндаи наздик муҳокима шуданд. Мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории судманд дар пеш бурдани “рӯзномаи об”-и СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқ гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор анҷом доданд. Бояд ёдовар шуд, ки бино бар қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, ки муаллифаш Тоҷикистон мебошад, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудааст. Муовини Дабири кулли СММ иқдомҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои об бамаврид ва мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои мусоидат ва пуштибонӣ дар татбиқи Соли байналимилали ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳор кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.