Чанде қабл суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ғулом Бобоев, ҳимоятгари Муслимов ҳукми судро ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ба андешаи ӯ, айби зерҳимояи ӯ на дар ҷараёни тафтишоти пешакиву на дар мурофиаи судӣ исбот нашудааст.
Пас аз эълони ҳукм Бобоев зикр кард, ки тамоми далелҳои ҷониби айбдоркунанда бепояанд ва айбнома бар асоси гумону тахмин ва фарзияҳои сохтаи муфатишон тартиб дода шудааст. «Парвандаи ҷиноии Муслимов тафтишоти иловагиро талаб мекард. Додгоҳ нисбат ба ҷабрдида ҳукм содир намуд», – гуфт вай.
Ба қавли номбурда, Муслимов таҳти шиканҷа баёнот додааст ва инро ду ташхиси тиббии доиргардида тасдиқ мекунанд.
Хуршед Сафаров, ҳимоятгари Санавбар Гулова низ ҳукми додгоҳ нисбат ба зерҳимояи худро ғайримунсифона унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои он ба зинаи кассатсионӣ шикоят хоҳад бурд.
Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба Тилохӯҷа Муслимов 10 сол ва Санавбар Гулова ҳукми 11 соли зиндонро талаб карда буд. Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова 14-уми апрели соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии 1 кило маводи мухаддири афюн аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.