Тавзеҳи СИҶ Вазорати адлия оид ба марги маҳкумшуда

Сарраёсати иҷрои ҷазои  ҷиноятии Вазорати адлия ҳодисаи марбут ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-ро тавзеҳ дод. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Ҳ.Икромзода на дар муассисаи ислоҳотӣ , балки дар тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Баҳром Абдулҳақов хабар […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Сарраёсати иҷрои ҷазои 


ҷиноятии


Вазорати адлия ҳодисаи марбут ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-ро тавзеҳ дод.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Ҳ.Икромзода на дар муассисаи ислоҳотӣ , балки дар тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Баҳром Абдулҳақов хабар дод, марҳум Ҳамза Икромзода барои риоя накардани реҷа шурӯъ аз 16-уми сентябр дар ҷаримахонаи зиндон қарор дошт.

Б.Абдулҳақов зикр намуд, ки Ҳ.Икромзода дар ҷаримахона бо як маҳбуси дигар қарор дошт, вале ахирӣ аз маъмурияти муассиса дархост кардааст, ки бинобар сабаби бадқаҳриву бадхашмии Ҳ.Икромзода ӯро ба дигар ҷой интиқол диҳанд.

«Ҳодиса тахминан соатҳои 17:20 дақиқаи рӯзи 20-уми сентябр ба вуқӯъ пайваста, корманди муассиса Икромзодаро ба куртаи худ овехта дар панҷараҳои болои дар меёбад», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони   Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, табибон, маъмурияти муассиса ва кормандони прокуратура ҳозир шудаанд. «Муддати ним соат табибон баҳри наҷоти ӯ кӯшиш ба харҷ дода, се маротиба тавассути зарбафкани барқӣ дили ӯро ба кор дароварданӣ шуданд ва осори қафаси синаи ӯ аз истифодаи он аст», – гуфт вай.

Номбурда зикр кард, ки айни замон аз рӯйи ин далел мақомоти прокуратура оид ба назорати муассисаҳои ислоҳӣ санҷиш мегузаронанд. «Пас аз дастрас шудани натиҷаҳои санҷиш, дар бораи сабаби марг ва дар ҷаримахонаи зиндон қарор доштани Икромзода маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад гардид», – афзуд Б.Абдулҳақов.

Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам гардида буд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.