«Газпром» ба таҳқиқоти майдони нав дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Дар Маскав зимни мулоқоти вазири энергетика ва санаоти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори иҷрокунандаи ширкати Gazprom International Валерий Гуляев ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ширкати «Газпром» оид ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии газу нафт дар майдонҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати Gazprom International, дар мулоқот зикр шудааст, ки аз моҳи декабри соли 2010 […]


Дар Маскав зимни мулоқоти вазири энергетика ва санаоти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори иҷрокунандаи ширкати Gazprom International Валерий Гуляев ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ширкати «Газпром» оид ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии газу нафт дар майдонҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати Gazprom International, дар мулоқот зикр шудааст, ки аз моҳи декабри соли 2010 дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п» аз чуқурии лоиҳавии 6 300 метр то чуқурии 49883 метр корҳои пармакунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Валерий Гуляев изҳор кардааст, ки ояндаи наздик ширкат дар майдони навбатии ояндадори Шоҳамбарии Ғарбӣ ба корҳои ҷусутӯҷӯиву иктишофӣ оғоз мебахшад.

Дар навбати худ Гул Шералӣ аз ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарчи бештар тақвият бахшидан ба корҳои ширкат дар ҷумҳуриро таъкид кард.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои асосии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.