Ҷамъбасти озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Тоҷикистон»

Агентии Тоҷикстандарт аз озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Тоҷикистон» натиҷагирӣ намуд. Бино ба маълумоти Агентии мазкур, чанде қабл дар боғи «Ирам»-и пойтахт маросими пуршукуҳи ҷамъбасти озмун доир гардид. Дар ҳузури иштирокчиёни озмун ва финалистони даври дуюм, жюрии озмун, меҳмонон аз вазорату идораҳо, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ сокинон ва меҳмонони Душанбе  дар фазои хосу мувофиқ маросими ҷоизасупорӣ, […]

ASIA-Plus


Агентии Тоҷикстандарт аз озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Тоҷикистон» натиҷагирӣ намуд.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, чанде қабл дар боғи «Ирам»-и пойтахт маросими пуршукуҳи ҷамъбасти озмун доир гардид. Дар ҳузури иштирокчиёни озмун ва финалистони даври дуюм, жюрии озмун, меҳмонон аз вазорату идораҳо, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ сокинон ва меҳмонони Душанбе  дар фазои хосу мувофиқ маросими ҷоизасупорӣ, инчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти иштирокчиёни озмун ва консерт баргузор шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар номинатсияи «Маҳсулоти озуқаворӣ»: ҶДММ «Об Сито» (нӯшокиҳои ғайриспиртӣ), ҶДММ «555 МПК» (қаннодӣ) ва ҶСП «Интермаркет» (маҳсулоти ширӣ) аз Душанбе лауреат интихоб карда шуданд.

 Лауреатҳо дар номинатсияи «Молҳои ниёзи мардум» инҳоянд: ҶСП «Гулистон», ҶДММ «Тоҷикмебел» аз Душанбе ва ҶДММ «Мечта-Пласт» аз Қӯрғонтеппа.

 Дар номинатсияи «Маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ» ҶДММ «Силкоат бойя» аз Хуҷанд, ҶСП «ЖБК-3» аз Душанбе ва ҶСП «Заводи таъмири техникӣ»-и ШК «Барқи тоҷик» ҷойи аввалро гирифтанд.

 Инчунин дар номинатсияи «Ҳунарҳои мардумӣ» ду лауреат муайян карда шуд: соҳибкор Т. Фатҳуддинов аз Норак ва А. Ҳусейнов аз Маркази ҳунар ва фарҳанги Истаравшан.

 Дар номинатсияи хизматрасонӣ байни меҳмонхонаҳо ҶСШК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» ва байни сартарошхонаҳо «Кошонаи ҳусни «Содот» аз Душанбе ғолиб дониста шуданд.

 Ба ғолибони озмун – лауреату дипломантҳо диплому ҷоизаҳо супорида шуданд. Инчунин финалистони озмун бо ҷоизаҳои махсус ва раҳматномаҳо сарфароз гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи майи соли 2012 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумхурии Тоҷикистон» оғоз гардида буд. Озмун бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд ва  мусоидат намудан ба таъмини бозори истеъмолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ ташкил карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ташаббуси Тоҷикстандарт аз тарафи соҳибкорон-истеҳсолкунандагони маҳсулот хуб пазируфта шуда, ҷамъ 147 дархост барои иштирок пешниҳод карда шуд. Ба даври 2-юми Озмун 95 корхонаву соҳибкор гузаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.