Чкаловск: Боздошти як донишҷӯи Донишгоҳи металлургӣ бо маводи мухаддир

Дар шаҳри Чкаловск боз як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо маводи мухаддир дастгир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати чаҳор нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи  200, қ.3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Чкаловск боз як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо маводи мухаддир дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати чаҳор нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи  200, қ.3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) айбдор карда мешаванд, маълум гардидааст, ки шоми рӯзи 19-уми сентябр донишҷӯи ин донишгоҳ Н.К. аз донишҷӯи соли дуюм Ф.Д.-и 19-сола дар ҳаҷми 870 грамм маводи мухаддири ҳашиш гирифтааст.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Ф.Д. боздошт ва аз манзили зисти ӯ сумкаи варзишии дорои 996 грам маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда аз донишҷӯёни зикршуда, 1 килову 866 граммро ташкил медиҳад. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.