Дар мурофиаи додгоҳии чор нафар гумонбарон ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост кард, ки Алишер Давлатов ба 12, Зилмурод Ишхонов ба 11, Нуриддин Исхонов ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуда, Шуҳрат Каримов ба миқдори 800 нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ гардад.
Ба андешаи додситон, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи айбдоршавандагон комилан исбот гардида, аз ин рӯ, онҳоро мебояд мутобиқи тамоми моддаҳои айбдории пешниҳодшуда гунаҳкор эътироф намуд.
Аммо Ғулом Бобоев, ҳимоятгари се нафар айбдоршаванда, ба андешаи айбдоркунандаи давлатӣ мухолиф баромад. Нисбати Зилмурод Ишхонов, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ду моддаи КҶ ҶТ – 307 ва 189 айбдор карда мешавад, ӯ аз додгоҳ дархост намуд, ки моддаи 189 бекор карда шуда, дар робита ба айби пешниҳодшуда нисбат ба Нуриддин Исханов мутобиқи моддаи 189, дархост кард, ки ин модда ба моддаи 347 тағйир дода шавад. «Дар робита ба ҳукм нисбати Шуҳрат Каримов ман бо додситон комилан ҳамақидаам», – афзуд Бобоев.
Гумонбаршудагон сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алишер Давлатови 24-сола, се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён – донишҷӯ Нуриддин Исхонов, Зилмурод Ишхонов ва Шуҳрат Каримов мебошанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани низоми миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабӣ, убури ғайриқонунии марз, ташкили фаъолияти гурӯҳи ифротгаро ва хабар надодан дар бораи ҷиноят айбдор карда мешаванд.
Бино ба маълумоти мтафтишот, моҳи августи соли 2011 Алишер Давлатов бо мақсади узвият дар ҲИӮ ба Вазиристони Покистон раҳсипор шуда, дар урдӯгоҳҳои низомии он ҷо таълим мегирад. Моҳи апрели соли 2012 ӯ бо дастури мақомоти раҳбарии ҳаракат дар гузаргоҳои Панҷи Поён ғайриқонунӣ марзро убур намуда, ба Тоҷикистон меояд. Ӯ мебоист дискҳои DVD бо таблиғоти афкори ҲИӮ-ро миёни сокинони ноҳияи Қубодиён паҳн мекард.
Аммо Давлатов ба зудӣ ба дасти кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳияи Қумсангир меафтад. Зимни боздошт аз Давлатов рӯйхати ном ва рақами телефонҳое, ки ӯ бояд дискҳоро ба онҳо медод, дарёфт шуданд. Дар ин рӯйхат ному насаби Нуриддин Исхонов ва Зилмурод Ишхонов дарҷ ёфта буданд.
Бар асоси баёноти Давлатов се нафар боздошт гардиданд, ки айни замон ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ҳузур доранд.
Дар ҷаласаи нахустини судӣ Алишер Давлатов худро қисман гунаҳкор эътироф намуд. Ба қавли адовкати ӯ Фахриддин Нуриддинов, зерҳимояи ӯ аз хадафҳои аслии ҲИӮ огоҳ гардида, аз Покистон аввал ба Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистон фирор мекунад, вале ӯро кормандони милиса боздошт кардаанд.
Гумонбаршуда Нуриддин Исханов дар ҷаласаи судӣ изҳор кард, ки ӯ гунаҳкор нест ва баёноти қаблии ӯ таҳти фишори муфаттишон дода шудааст. «Ба мо рӯҳан фишор оварда, латукӯб ва ба имзои баёнот маҷбур карданд», – гуфт вай дар мурофиа.
Зилмурод Ишхонов низ худро гунаҳкор нашуморида, изҳор кард, ки дар ҷараёни татфишоти пешакӣ нисбати ӯ низ аз шиканҷа истифода шудааст.
Шуҳрат Каримов ягона гумонбаршудае буд, ки ба гуноҳи худ иқрор гардид.
Ҳимоятгари се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон Ғулом Бобоев низ бар ин назар аст, ки зерҳимояҳои ӯ қисман гунаҳкоранд. Дар мурофиаи додгоҳӣ то 31-уми август танаффус эълон шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан суди ноҳияи Қубодиён се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишонро, ки ба узвият дар ҲИӮ айдор карда шуда буданд, ба муҳлати аз 8,5 то 10 соли зиндон маҳкум намуд.