Сафари давлатии чоррӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори иёлати Гоа Бҳарат Вир Ванчу масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд.
Бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва ҳамрешагии забонҳои тоҷикию ҳиндӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳарду ҷониб ба тавсиаи робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, табодули таҷриба дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.