Туҳмату таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ шуд

Дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пас аз таътил вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳоди ҳукумат дар бораи ба Кодекси гражданӣ ворид кардани масъулият барои «туҳмат» ва «таҳқир»-ро якдилона дастгирӣ карданд. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки қаблан бо пешниҳоди сарвари давлат […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пас аз таътил вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳоди ҳукумат дар бораи ба Кодекси гражданӣ ворид кардани масъулият барои «туҳмат» ва «таҳқир»-ро якдилона дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки қаблан бо пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир) бекор шуда, аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

«Масоили марбут ба роҳ додан ба тӯхмату таҳқир дар доираи Кодекси граждании ҶТ баррасӣ гардида, ҷазо дар шакли инкор ё ҷуброни молӣ барои хисороти маънавиро ҷабрдида дар аризаи даъвогии худ муайян мекунад», – гуфт вазир.

Қаблан тибқи моддаи «туҳмат» аз се то панҷ ва моддаи «таҳқир» то ду соли зиндон пешбинӣ гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.