Ширкати эронии «Сонеъ» дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ боз карданист

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти ширкати эронии «Сонеъ» тасмим гирифтааст, дар мушорикат бо корхонаҳои Тоҷикистон, дар ҷумҳуриамон корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ифтитоҳ кунад. Дар сӯҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» раиси ширкати эронӣ – Амир Ҳошимӣ, аз бурдани номи ширкатҳои тоҷикистоние, ки нияти бо онҳо ҳамкорӣ карданро намудааст, худдорӣ кард. Вай гуфт, ки дар ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти ширкати эронии «Сонеъ» тасмим гирифтааст, дар мушорикат бо корхонаҳои Тоҷикистон, дар ҷумҳуриамон корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ифтитоҳ кунад.




Дар сӯҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» раиси ширкати эронӣ – Амир Ҳошимӣ, аз бурдани номи ширкатҳои тоҷикистоние, ки нияти бо онҳо ҳамкорӣ карданро намудааст, худдорӣ кард.



Вай гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи низоми обтаъминкунии манотиқи ҷумҳурӣ, ӯро фикри кушодани чунин як корхона ба сар омадааст. «Ин корхона ба беҳтар гардидани вазъи низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», – гуфт Ҳошимӣ.




 

Ёдовар мешавем, аз 8-ум то 12-уми ноябр дар Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии «Агрофуд-2008» баргузор мегардад. Дар он ширкати «Сонеъ» дар радифи 25 ширкати дигар, маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳад гузошт.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.