Бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз АМА ба Тоҷикистон истирдод мешавад

Date:



          

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои наздик Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2006 ба ҳабси якумра маҳкум гардида буд.





           

Тавре аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, А.Мирзоев дар баъзе мавридҳои парвандаи ҷиноии бародараш шарик аст ва ҳамчунин тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ гунаҳкор дониста мешавад.



«Истирдоди А.Мирзоев тибқи созишномаи Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб, ки моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, сурат мегирад», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки парвандаи ҷиноии Ғ.Мирзоев аз ҷониби Додситонии низомии ҷумҳурӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст ва шарҳи дар кадом ҷиноятҳо даст доштани бародари ӯ ба салоҳияти он дохил мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...