Хуҷанд. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – 5 ҳазору 200 тан аз зоирини хонаи Худо аз Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда, аз сӯи як ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, тавассути тайёраи навъи «TRISTAR L – 1011»-и сохти Амрико мунтақил хоҳанд шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Пдюс» сармутахассиси Сарраёсати дини вазорати фарҳанги кишвар – Юнус Шарифов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақша, парвози нахустин 17-уми ноябр анҷом хоҳад пазируфт ва қарор аст, тавассути 14 парвоз ҳамаи зоирин аз Душанбе ва Хуҷанд ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шаванд. Дар ҳар як парвоз то 360 нафар ба шаҳри Ҷидда, воқеъ дар 80 километрии Макка расонда мешаванд.


