Имрӯз шабакаи нави радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад

                    Душанбе. 5-уми ноябр – Фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз як шабакаи нави радио пурра месозад. Имрӯз дар мавҷи 106,5 FM радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози Тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу зиёиёни тоҷик хоҳад буд. Радиои мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва […]

root



                 





 



Душанбе. 5-уми ноябр – Фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз як шабакаи нави радио пурра месозад. Имрӯз дар мавҷи 106,5


FM


радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад.



Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози Тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу зиёиёни тоҷик хоҳад буд. Радиои мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфта, аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, мебошад. Тӯли 24 соат гуфтору барномаҳо, гузоришу мусоҳибаҳо бо олимону донишмандон ва ҳунармандону адибон пешниҳоди шунавандагон гардида, баъди ҳар 3 соат ахбори фарҳангӣ садо медиҳад.




                 



Радиои «Фарҳанг» натанҳо муаррифгари таъриху адабиёту фарҳанг ва ҳунармандони ақвоми ориёӣ, балки тамоми халқҳои сайёра мебошад. Барномаҳои «Меҳрнома», «Авесто», «Рози суфӣ», «Тозанашр», «Асрори коинот», «Сафои шеър», «Сӯҳбати соҳибдилон», «Ахтарони адаб», «Тафсири Табарӣ», «Луғатнома», «Таронаҳои қарни XX», «Ғалат мегӯем», «Тибби Шарқ», «Чеҳраҳои намоёни таърих» теъдоде аз гуфтору барномаҳое мебошанд, ки тариқи шабакаи «Фарҳанг» садо медиҳанд.


Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.