Ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли комбайн бунёд карданианд

Душанбе. 5-уми ноябр – Як ширкати эронӣ ба таъсиси корхонае муштарак бо Тоҷикистон барои тавлиди мошинхои дарав ва хирманкӯбӣ ибрози алоқамандӣ кардааст. Бозаргонон ва соҳибони корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Эрон, ки барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии “Агрофуд” вориди Душанбе шудаанд, рӯзи сешанбеи 4 ноябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфтанд, ки дар канори ироаи колоҳо ба ин […]

ВВС


Душанбе. 5-уми ноябр – Як ширкати эронӣ ба таъсиси корхонае муштарак бо Тоҷикистон барои тавлиди мошинхои дарав ва хирманкӯбӣ ибрози алоқамандӣ кардааст.




Бозаргонон ва соҳибони корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Эрон, ки барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии “Агрофуд” вориди Душанбе шудаанд, рӯзи сешанбеи 4 ноябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфтанд, ки дар канори ироаи колоҳо ба ин намоишгоҳ қасд доранд мавзӯъи таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистонро бо мақомоти тоҷик матраҳ кунанд.



Ҳамид Ризо Султонӣ, раиси ширкати “Агротех Хуросон”-и Эрон таъкид кард, ки намояндагони ин ширкат дар зарфи ду соли ахир бозори фурӯши таҷҳизоти фаннӣ, бо шумули кумбойнҳо ё мошинхои дарав ва хирманкубӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистонро пажӯҳиш кардаанд.



Ба гуфтаи оқои Султонӣ, дар шароити феълӣ муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон ба троктур ва кумбойнҳое, ки маводди сӯхтӣ камтар масраф карда ва қиматашон чандон гарон нест, бештар ниёз доранд.



Гуфта мешавад, ҳоло дар мазореъи кишоварзии Тоҷикистон умдатан аз кумбойнҳои сохти Русия ва Чин истифода мешавад ва ширкати эронӣ дар садад аст дар ин бозор вориди рақобат шавад.



Ҳамид Ризо Султонӣ гуфт, ки бо миёнҷигарии “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон бонкҳои Эрон ба тоҷирон ва кишоварзони тоҷик барои харидории кумбойни мудели “Ҷондиер”-и ин кишвар вомҳои бо баҳраи то хафт дарсад ихтисос додаанд.



Гуфта мешавад то ҳол бархе аз муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон кумбойни “Ҷондиер”-ро харидорӣ карда ва кишоварзони тоҷик аз наҳваи кори он ибрози қаноъатмандӣ кардаанд.



Аз ин лиҳоз, ширкати “Агротех Хуросон”-и Эрон дар садад аст дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди кумбойнро таъсис кунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.