Журналистони Суғд бо ҷанбаҳои ахлоқии инъикоси мушкилоти худкушӣ ошно гардиданд

Зимни суханронӣ дар тренинг таҳти унвони «Баробарии мардону занон дар оинаи ВАО» дар шаҳри Хуҷанд роҳбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова изҳор кард, ки Тоҷикистон имрӯз аз ҷиҳати шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни кишварҳои ИДМ ҷойи 11-ум ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи 3-юмро пас аз Қазоқистону Қирғизистон ишғол мекунад. Дар […]

Мавлуда Рафиева


Зимни суханронӣ дар тренинг таҳти унвони «Баробарии мардону занон дар оинаи ВАО» дар шаҳри Хуҷанд роҳбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова изҳор кард, ки Тоҷикистон имрӯз аз ҷиҳати шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни кишварҳои ИДМ ҷойи 11-ум ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи 3-юмро пас аз Қазоқистону Қирғизистон ишғол мекунад.

Дар кори чорабинии мазкур кормандони васоити ахбори умумии чопиву электронӣ, намояндагони мақомоти прокуратураву Раёсати корҳои дохилӣ, равоншиносон ва коршиносони ҷамъиятиву намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, ин чорабинӣ ба беҳбуди малакаҳои инъикоси масоили баробарии мардону занон дар ВАО мусоидат намуд.

Аз ҷумла иштирокчиёну коршиносон роҳҳои ҳалли мушкилоти пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан, пешниҳоди кӯмаки равониву ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон аз хушунат дар оила, ҷанбаҳои гендерӣ ва қолабу одатҳои мавҷуда дар ин масъаларо баррасӣ намуда, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии вилояти Суғдро аз нигоҳи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор доданд.

Раъно Бобоҷонова мушкилоти аслии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, аз ҷумла занонро ба мавҷуд набудани равоншиносони ҳирфаӣ ва ҷойҳои доимии корӣ нисбат дода, изҳор кард, ки аз ҷониби шуъба Маркази иттилоотиву машваратӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҷо занону духтарон ба касбу забонҳои гуногун омӯзонида шуда, ифтитоҳи чунин марказҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар назар аст.

Дар робита ба ин масъала намояндаи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд Носирҷон Оқилов чунин ибрози андеша намуд, ки «ҳар як ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби мақомот мавриди таҳқиқоти мӯшикофона қарор гирифта, мушкилӣ дар он аст, ки хешону наздикони афроди даст ба худкушӣ зада ба ҳамкорӣ омода нестанд ва баръакс, сабабҳои аслии ба ин амал даст задани аҳли оилаи худро рӯйпӯш карданӣ мешаванд».

Қобили зикр аст, ки тренинги мазкур аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» ва дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.