Ба аввали моҳи октябри соли равон бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон 5, 1 млрд . сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. $)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо давраи аввали соли равон бақияи қарзҳо қариб ба андозаи 10% ё худ тақрибан ба миқдории 500 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Аз ҷумла, 68,4 фоиз ё 3,5 млрд. сомониро бақияи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 31,6 фоиз ё 1,6 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ ба 20,53 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,49 фоизи солона баробар шуданд.
Ба иттилои БМТ, бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8 фоиз афзуд. Аз ин ҳисоб 468,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 18,6 фоиз зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки айни замон ба низоми бонкии Тоҷикистон 18 муассисаи қарздиҳӣ шомиланд.





