Бақияи қарзҳо дар бонкҳои кишвар аз 1 млрд. $ зиёд шуд

Ба аввали моҳи октябри соли равон бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон 5, 1 млрд . сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. $)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо давраи аввали соли равон бақияи қарзҳо қариб ба андозаи 10% ё худ тақрибан ба миқдории 500 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба аввали моҳи октябри соли равон бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон 5, 1 млрд . сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. $)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо давраи аввали соли равон бақияи қарзҳо қариб ба андозаи 10% ё худ тақрибан ба миқдории 500 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Аз ҷумла, 68,4 фоиз ё 3,5 млрд. сомониро бақияи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 31,6 фоиз ё 1,6 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ ба 20,53 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,49 фоизи солона баробар шуданд.

Ба иттилои БМТ,  бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8 фоиз афзуд. Аз ин ҳисоб 468,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки айни замон ба низоми бонкии Тоҷикистон 18 муассисаи қарздиҳӣ шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.