Таҷлили ҷашни 18-умин солгарди қабули Сарқонун

Пагоҳ, 6-уми ноябр, дар Тоҷикистон ҷашни 18-умин солгарди қабули қонуни асосӣ – Конститусия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, аз 100 модда иборат аст. Дар он унитаризм, ҳокимияти президентии пуриқтидор, мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ, мухторияти Вилояти Бадахшони […]

Аваз Юлдошев


Пагоҳ, 6-уми ноябр, дар Тоҷикистон ҷашни 18-умин солгарди қабули қонуни асосӣ – Конститусия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, аз 100 модда иборат аст. Дар он унитаризм, ҳокимияти президентии пуриқтидор, мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ, мухторияти Вилояти Бадахшони Кӯҳистон дарҷ ёфтааст.

Тағйироту илова ба Конститутсия тавассути раъйпурсӣ ворид карда мешаванд. Санаи 26-уми сентябри соли 1999 бори нахуст ба Конститутсия тағйирот ворид гардид, ки он ба таъсиси парлумони дупалатагӣ ба ивази якпалатагӣ марбут буд.

Сарқонун бори дуввум 22-юми июни соли 2003 мавриди тасҳеҳ қарор гирифт. Бо ин тасҳеҳ муҳлати ваколати президент аз 5 то 7 сол дароз карда шуд.

Дар Конститутсияи ҶТ моддаҳои марбут ба шакли ҷумҳуриявии ҳокимиятдорӣ, тамомияти арзӣ моҳияти демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат бетағйир боқӣ хоҳанд монд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сӯҳроб Шарифов бар ин назар аст, ки дар робита ба тағийрот дар саросари ҷаҳон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин вобаста ба роҳандозии муносибатҳои нав дар ҷомеа, Конститутсияи Тоҷикистон метавонад дар ҳама гуна вақт мавриди тасҳеҳ қарор гирад.

Дар ин робита дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ таъкид намуд, ки қабл аз ворид намудани ҳама гуна тағйироту илова ба Сарқонун, мебояд он мавриди муҳокимаи ҷомеа қарор гирифта, ҳам ҷонибдрону ҳам мухолифони он андешаҳои худро иброз доранд, «вале принсипҳои асосии Конститутсия, аз қабили озодиву адолат ҳеҷ гоҳ набояд тасҳеҳ шаванд».

Ба андешаи С.Шарифов, барои ворид намудани тағйироту илова ба қонуни асосии кишвар сабабҳои ҷиддиву далелҳои асоснок заруранд, ки дар ҳама гуна вақт метавонанд пайдо шаванд.

Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», 6-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров