Мактаби таълим бо забони русӣ дар Қӯрғонтеппа

Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа мактаби таҳсилоти умумии таълим бо забони русӣ ба истифода дода шуд. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби мазкур раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов изҳор кард, ки мактаб барои таҳсили 420 нафар толибилмон пешбинӣ гардида, бо ибтикору талоши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо […]

Сайраҳмон Назриев


Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа мактаби таҳсилоти умумии таълим бо забони русӣ ба истифода дода шуд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби мазкур раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов изҳор кард, ки мактаб барои таҳсили 420 нафар толибилмон пешбинӣ гардида, бо ибтикору талоши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо сафоратхонаи Кореяи Ҷанубӣ ва созмони байнулмилалии «Наҷоти кӯдакон» бунёд гардидааст.

Барои бунёди мактаб дар маҷмӯъ 1,6 млн. сомонӣ ва барои таъмири роҳ ба самти муассисаи таълимӣ боз 100 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст. ҶДММ «Хатлон Сервис» ҳамчун паймонкори кулли лоиҳаи сохтмон фаъолият намуда, иншоотро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ғайбулло Афзалов барои дастгирӣ аз сафири Кореяи Ҷанубӣ ва созмони «Наҷоти кӯдакон» изҳори миннатдорӣ намуда, ба мактаб се комплекти техникаи компютерӣ тақдим кард.

Сафири Кореяи Ҷанубӣ Ён Тсон Гу иброз дошт, ки ба туфайли фаъолияти ин мактаб, кӯдакони кореягии муқими шаҳри Қӯрғонтеппа ва кӯдакони намояндагони дигар аққалиятҳои миллӣ ба таҳсил дар мактаби муосир ва омӯзиши дониш дар шароити мусоид имкон пайдо мекунанд.

Муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова ҳайати омӯзгорону толибилмони мактабро табрику таҳният намуда, зикр кард, ки соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 248 мактаби нав мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои таҳсили 43 ҳазору 647 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд. Маблағи умумии хароҷоти сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ 319 млн. 308 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси диаспораи русзабонони вилояти Хатлон Людмила Хоҷаева зикр кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани мактаби таълим бо забони русӣ таваҷҷуҳ ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар вилоят аст. «Умедворем, ки чунин таваҷҷуҳ аз ҷониби мақомоти раҳбарии вилоят минбаъд низ зоҳир хоҳад шуд», – гуфт номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.