Тағйири ҳукм дар парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо»


Дар парвандаи маъруф ба «53 нафар истарафшаниҳо» ҳукм қисман тағйир дода шуда, ҷазои ҳабси абади панҷ нафар ба ҳукми 30 соли зиндон иваз карда шуд. Муҳлати ҷазои маҳкумшудагони боқимонда ба муддати аз 1,5 то 30 сол кам карда шуд.

Суд дархости ҳимоятгарон дар бораи баргузории ташхиси комиссионӣ ва дигар дархостҳои зимни мурофиаи судӣ пешниҳодшударо рад намуд.

Ҳимоятгар Сергей Романов мегӯяд, бо қарори ҳайати мушовараи каасатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди олии ҶТ розӣ нестанд, зеро суд нишондодҳои судшавандагон, ҳимоятгарон ва далелҳои дар мурофиаи судӣ пешниҳодшударо ба инобат нагирифт. «Мо аз болои қарори суд шикоят бурда, ҳуқуқ дорем, ки ба мақомоти байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат намом, зеро дар сатҳи миллӣ моро шунидан нахостанд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин ҳимоятгарон аз қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи боз кардани парванди ҷиноӣ нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба боздошти ғайриқонуниву истифодаи шиканҷа даст зада буданд, изҳори норозигӣ намуданд.

Баррасии шикояти кассатсионӣ ба ҳукми додгоҳ оид ба парвандаи ҷиноӣ, ки дар ВАО бештар ҳамчун «парвандаи 53 нафар истаравшаниҳо» маъруф аст, ҳудуди 3 моҳ, аз 7-уми августи соли равон баррасӣ мешавад.

Ин ҷо сухан сари қазияи амали террористӣ дар вилояти Суғд соли 2010 ва айбдории беш аз 50 нафар ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон меравад, ки аксарашон сокинони ноҳияи Истаравшан мебошанд. Панҷ нафар аз онҳо – Фирдавс Каримов, Соҳибҷон Собитов, Исматулло Бобоев, Зафар Каримов ва Акмал Ҳошимов ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд.

Ҳукм оид ба парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо» моҳи декабри соли гузашта содир гардида буд. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан окинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуданд.

Аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд  аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд.

spot_imgspot_img

Популярное