Дархости Тоҷикистон аз ХБА оид ба қабули барномаи нави дастгирии кишвар

Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намуд. Дар ин бора директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон ибрози назар кард. «Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намуд. Дар ин бора директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон ибрози назар кард.

«Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии Тоҷикистон ба мувофиқа хоҳем расид, ки идомаи барномаи пешини муваффақона амалишуда хоҳад гардид», – гуфт вай.

Ӯ зикр кард, ки ХБА ният дорад, ки Тоҷикистонро ҳам дар идомаи расонидани кӯмаки техникӣ ва ҳам тавассути пешниҳоди захираҳои молиявӣ дастгирӣ намояд.

Намояндаи ХБА изҳор кард, ки дар гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили марбут ба рушди вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳуриву минтақа баррасӣ шуданд.

«Мо воситаҳои таъмини рушди бештар устувори иқтисодии кишварро баррасӣ кардем, то ки ин рушд ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мусодит намояд. Муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфтаро коҳиш медиҳад», – таъкид кард номбурда.

Масъуд Аҳмад ҳамчунин иброз дошт, ки дар мулоқот тарзҳои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар дохили ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуданд, ки дар навбати худ, ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави кории иловагӣ ва рушди иқтисод оварда мерасонанд.

Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии Масъуд Аҳмад дар доираи сафари дуҳафтаинаи намоядагони Хазина, ки аз 1-уми ноябр оғоз гардид, дар Тоҷикистон қарор доранд.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.