Суғд: Ҳукми ҳабси абад ба як ҷавон барои қатли се нафар

Як сокини вилояти Суғд ба қатли се нафар гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Сғд сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятовро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор донист. Маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз […]

Мавлуда Рафиева


Як сокини вилояти Суғд ба қатли се нафар гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Сғд сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятовро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор донист.

Маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз он ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст), 244, қ. 1 (Дуздӣ) ва 255, қ. 1 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк)-и КҶ муттаҳам дониста шуд.

Ҷинояти мазкур шаби 18-уми июли соли равон содир гардида, вале ба ШВКД баъди панҷ рӯз дар бораи он хабар расид. Фоҷеа дар манзили нафақахӯри 66-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусалом Сайфуддинов ба вуқӯъ пайваст. Ӯ ба коргарон манзили зисташро барои хуфтухоб пешниҳод карда буд ва маҳз яке аз ин коргарон пас аз истеъмоли шароб бо соҳибхона ба куштори се нафар даст задааст.

Ҳукми суд ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он имкони шикоят бурдан мавҷуд аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.