Машқҳои пешгирии бетартибиҳои оммавии воҳидҳои ВКД дар Хатлон

Тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати омодагии ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон машқҳои тактикӣ-омодабошӣ доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сафороии низомӣ машқи тактикиро оғоз намуда, сипас аз рӯи нақшаи таъсисдодаи ситоди назораткунанда амалиёт шуруъ гардид. […]

ASIA-Plus


Тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати омодагии ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон машқҳои тактикӣ-омодабошӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сафороии низомӣ машқи тактикиро оғоз намуда, сипас аз рӯи нақшаи таъсисдодаи ситоди назораткунанда амалиёт шуруъ гардид.

Гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳои омавии шартӣ ташкил карда шуда, аз кормандони милитсия-иштирокчиёни машкҳои тактикӣ маҳорати баланди касбӣ, одобу муоширати хоса ва бе зарару талафот ба эътидол овардани вазъи ба амал омодаро талаб мекард. Шартҳои минбаъдаи машқи тактикӣ озод кардани гаравгонҳои шартӣ, аз хатари тарконидан ҳифз кардани  иншооти муҳими стратегӣ, тирпаронии нишонрас бо истифода аз гранатамёт, техникаҳои зиреҳпӯш иборат буд. Рафти машқҳоро Вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов, сардорони мақомотҳои қудратии вилоят ва дигар шахсони расмӣ назорат намуда, ба маҳорату таҷриба ва омодабошии ҳарбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд.

Баргузории чунин машқҳои тактикӣ на танҳо муайянкунандаи ҳолати омодабошии кормандони милитсия дар ҳолатҳои фавқулода мебошад, балки дар он нафарони ботаҷриба, нишонзанҳо-мерганҳои  беҳтарин муаррифӣ мешаванд.

Дар охир барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ, ҷасорату омодабошии ҳайати шахсӣ он нафароне, ки аз худ маҳорати хосаи касбӣ нишон доданд, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ пеш аз мӯҳлат бо рутбаҳои махсуси низомӣ ва медалу нишонҳои соҳавӣ мукофотонада шуданд. Инчунин он шаҳрвандоне, ки барои  баргузории машқҳои тактикӣ ба кормандони милитсия мусоидат кардаанд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии мамлакат  генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.