Гуфтушуниди раиси пойтахт бо намояндагони БҶ оид ба низоми таъминоти об

Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтхт хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрўз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тўли панҷ сол […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтхт хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрўз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, баҳри амалисозии он ширкати олмонии  CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH  мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар марҳилаи дуюми Лоиҳа тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида – ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шаванд.

Дар ин росто, масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни  КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181 ҳазорро ташкил медиҳанд,  мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ҳамзамон, бобати бар абас нарафтани тадбирҳои амалишаванда, зикр намуд Раиси шаҳр, тарафҳоро зарур аст, ки ҳарчӣ  тезтар нисбати ташкили системаи ҳавасмандгардонии кормандони КВД «Обу корези Душанбе» дар доираи роҳандозии  фаъолияти ташаббускорона оид ба тақвият бахшидани заминаҳои молиявӣ чораҳои мушаххас таври ногузир андешида, барои бозмўзии мутахассисон дар заминаи Лоиҳа шароитҳо муҳайё намоянд.

Инчунин бо инобати ҳамчун мол арзиши хос доштани оби истеҳсолшавандаи нўшокӣ дар бозори хизматрасонӣ – дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» истеҳсолшаванда, дастур фармуд, ки таъҷилан корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО ва институтҳои сохторию шаҳрвандӣ ҷоннок карда шаванд.

Дар робита ба ташкили назорати ҷамъиятӣ ва бардоштҳои воқеӣ аз ҷараён ва натиҷаи татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид сохт, ки бо пешниҳоди саволномаҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузории тадқиқоти сотсиологиро миёни сокинони шаҳр роҳандозӣ намоянд.

Бо дарназардошти он, ки  ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи сокинони шаҳр бо оби ошомиданию дигар хизматрасониҳо дар соҳаи обтаъминкунию корезӣ нигаронида шудаанд, аз масъулини Бонки Умумиҷаҳонӣ хоҳиш ба миён овард, ки масъалаҳои зикргардидаро мавриди пажўҳиш қарор дода, баҳри амалисозии онҳо пешниҳодоташонро ирсол намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.