Огоҳии ХБА аз нишондиҳандаҳои буҷети соли ояндаи Тоҷикистон

Чанде қабл вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот орост. Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳо баҳри афзудани ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот орост.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳо баҳри афзудани ҳаҷми даромад ва масоили сиёсати хазинаи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Ҷонатан Данн оид ба муайян кардани нишондиҳандаҳои пешакии назоратӣ дар сиёсати макроиқтисодӣ ва хазинаи давлатӣ ибрози андеша кардааст.

«Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молияву андоз, аз ҷумла Кодекси нави андоз, вазъ ва пешгӯиҳо оид ба хизматгузорӣ ба қарзҳои хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибати ҷумҳурӣ бо дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд», – гуфтанд дар котиботи Вазорати молия.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи намояндагони ХБА дар як вақт масоили самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияро низ баррасӣ мекунад. Сафари дуҳафтаинаи гурӯҳи намояндагони ХБА ба Тоҷикистон 1-уми ноябр оғоз гардид. Айни замон ҷонибҳо имкони роҳандозии барномаи нави сесолаи дастгирии Тоҷикистонро баррасӣ доранд. Интизорӣ меравад, ки ин барнома моҳҳои наздик таҳия ва қабул хоҳад шуд.

Муҳлати амали барномаи қаблии сесола таҳти унвони «Механизми васеи қарздиҳӣ» моҳи июли соли равон ба итмом расида, дар чаҳорчӯби он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. $ қарзи имтиёзнок пешниҳод гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.