Зоирини пиёдаи тоҷик бо ҳавопаймо ба ватан бармегарданд

Зоирини пиёдаи тоҷик бо ҳавопаймо ба ватан бармегарданд. Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зоирини пиёдаи тоҷик изҳор кардаанд, ки тавассути ҳавопаймо ба ватан бармегарданд, зеро мусалмонон набояд аз ним сол зиёдтар аз оилаи худ дур бошанд. «Мо ҳам аз ин тасмими онҳо дар тааҷҷубем, зеро онҳо гуфта […]

ASIA-Plus


Зоирини пиёдаи тоҷик бо ҳавопаймо ба ватан бармегарданд. Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зоирини пиёдаи тоҷик изҳор кардаанд, ки тавассути ҳавопаймо ба ватан бармегарданд, зеро мусалмонон набояд аз ним сол зиёдтар аз оилаи худ дур бошанд.

«Мо ҳам аз ин тасмими онҳо дар тааҷҷубем, зеро онҳо гуфта буданд, ки роҳи ҳарду тарафро пиёда тай хоҳанд намуд, вале акнун акнун ногаҳон изҳор намуданд, ки ба ватан бо ҳавопаймо баргаштанианд», – гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи майи соли равон ҳашт нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки синнусолашон аз 21 то 65-соларо ташкил медод, баҳри адои маросими ҳаҷ пиёда ба Арабистони Саъудӣ раҳсипор шуданд. Ду нафар аз онҳо бинобар сабаби беморӣ ва пайдо шудани корҳои муҳим дар хона сафари худро қатъ намуданд. Чор нафари дигар то Эрон роҳро пиёда тай намуда, аз онҷо тавассути ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ рафтанд.

Танҳо ду нафари онҳо ба мақсади худ содиқ монда, вале зимни вуруд ба Арабистони Саъудӣ боздошт гардиданд, зеро бо худ раводиди вуруд надоштанд.

Пас аз расидагии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин қазия, ба онҳо раводиди вуруд ба Арабистони Саъудӣ дода шуда, зоирини пиёдаи тоҷик маросими ҳаҷро адо намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.