Моҳи ноябр гази моеъ гарон намешавад


Рӯзҳои боқимондаи моҳи ноябр қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе, ки айни замон аз 3,70 то 3,90 сомониро ташкил медиҳад, бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, қимати фурӯши яклухти гази моеъ устувор буда, воридкунандагони ин навъи сӯзишворӣ то кунун дар бораи поин ё боло бурдани нархи он пешниҳоде ироа накардаанд. «Имрӯз гази моеъ танҳо аз Қазоқистон ворид гардида, шумори ширкатҳои воридкунанда ҳамоно чун пештара аст, ки инҳо «Зет газ», «Муҳаммад Пӯлод» (вилояти Суғд), «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Фароз» ва «Тоҷирон» мебошанд», – гуфтанд дар хадамоти мазкур.

Ба иттилои манбаъ, айни замон захираи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ зиёда аз 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

Соли равон ба Тоҷикистон беш аз 66 ҳазор тонна гази моеъ ворид крада шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 37,6 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи воридоти як тонна гази моеъ то марзи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 652 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Норасоии гази моеъ тобистони соли равон ба нархи чаканаи он таъсир гузошт. Ба гунаи мисол, агар аввали моҳи август нархи як литр гази моеъ дар пойтахт ба ҳисоби миёна 2,60 сомониро ташкил медод, пас аввали моҳи сентябр он то ба 3,20 ва аввали моҳи октябр то 3,60 сомонӣ расида, феълан ба ҳисоби миёна 3,80 сомониро ташкил медиҳад.

Соли равон нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар кишвар аз 510 то ба 526 адад расонида шуданд. Тибқи маълумоти ширкатҳои бо сӯзишворӣ сарукордошта, айни замон беш аз 40%-и воситаҳои нақлиёти ҷумҳурӣ аз гази моеъ истифода мекунанд. 

spot_imgspot_img

Популярное