“Сухангуфтан на осон аст ин ҷо”. Ба Гулрухсор ҷоизаи “Қанди порсӣ” тақдим шуд

Ба Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” супорида шуд. Ин ҷоизаи баландтарини Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аст ва шоири тоҷик барои посдории забони порсӣ соҳиби ин ҷоиза шуд. Ба қавли Карими Карим, дабири ин Конун, забони форсӣ дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон ба чолишҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯбарӯ аст […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Ба Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” супорида шуд. Ин ҷоизаи баландтарини Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аст ва шоири тоҷик барои посдории забони порсӣ соҳиби ин ҷоиза шуд.

Ба қавли Карими Карим, дабири ин Конун, забони форсӣ дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон ба чолишҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯбарӯ аст ва кам шахсият пайдо мешавад, ки барои посдории забон ва ба ҳам пайвастани форсизабонон талош меварзад.

“Ҷоизаи “Қанди порсӣ” натанҳо барои шеъри бону Гулрухсор, барои посдорӣ ва ба ҳам пайвастани форсизабонон ба эшон эҳдо шуд. Дар мавриди гуфторашон, соҳаи фаъолияташон, робитаҳояшон, дар кул аз дидгоҳҳои гуногуни бону Гулрухсор Конун шинохт дошт ва якдилона ҷоизаи “Қанди порсӣ” эҳдо шуд”, – мегӯяд Карими Карим.

Гулрухсор “Қанди порсӣ”-ро ҷоизаи арзишманд медонад, зеро он ба хотири “сухани ширини форсии дарии тоҷикӣ эҳдо шудааст”.

Ин шоири саршинос дар маҳфил гуфт:

Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо,

Сухангуфтан на осон аст ин ҷо.

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” дар соли 2024 ба ду нафар тақдим гашт. Якҷо бо Гулрухсор, Амина Шарофиддинова ҳаст, ки солҳо барои ҳифзи забон ва фарҳанги форсии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мубориза бурдааст.

Ин ҷоиза ҳафтаи пеш дар саҳни Регистони Самарқанд ба Амина Шарофиддинова супорида шуд ва ӯ онро ҷоизаи ҳамаи форсизабонон медонад.

Зиёиёни тоҷик ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро ба Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова таҳният гуфта, онро рамзӣ ва ифтихоровар зикр мекунанд.

Ин ҳафтумин маросими эҳдои ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” аст. Дар гузашта, аз Тоҷикистон танҳо Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори ВВС, барандаи ин ҷоиза шуда буд. Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.