Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист

Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдутолиб Аҳмедов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон манфиатдор аст. «Қазоқистон барои иштирок дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи хос дорад, вале айни замон дар бораи ҳаҷми саҳми иқтисоди кишвар ба он чизе гуфтан душвор аст», – […]

Виктория Наумова



Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдутолиб Аҳмедов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон манфиатдор аст.






«Қазоқистон барои иштирок дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи хос дорад, вале айни замон дар бораи ҳаҷми саҳми иқтисоди кишвар ба он чизе гуфтан душвор аст», – гуфт ӯ.





А.Аҳмедов зикр кард, ки соҳибкорон ва ширкатҳои Қазоқистон имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд. «Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист, то онҳо ба фаъолият шурӯъ намоянд», – гуфт дипломат.





Ба қавли сафир, имрӯз миёни кишварҳо ҳеҷ масоили ҳалношудае мавҷуд нест. «Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон ба Остона як қатор мулоқоти ҷонибҳо пешбинӣ гардидааст, вале ман айни замон мушаххас гуфта наметавонам, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ хоҳанд гардид», – афзуд ӯ.





А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», – гуфт сафир.

 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.