Мутахассисони Чин барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ ба Адрасмон масолеҳи сохтмонӣ оварданд

Хуҷанд. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шаҳраки Адрасмони ноҳияи Қайроққуми вилояти Суғд барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ 40 вагон масолеҳи сохтмон оварданд. Муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев мегӯяд, ки дар навбати аввал онҳо таҳкурсии бинои маъдантозакунии коркарди сурбу руҳро мерезанд. Ба гуфтаи […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шаҳраки Адрасмони ноҳияи Қайроққуми вилояти Суғд барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ 40 вагон масолеҳи сохтмон оварданд.






Муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев мегӯяд, ки дар навбати аввал онҳо таҳкурсии бинои маъдантозакунии коркарди сурбу руҳро мерезанд.





Ба гуфтаи ӯ, сипас аз Чин таҷҳизоти зарурӣ оварда, онро насб мекунанд, ки иқтидори навбати аввали он истеҳсоли 300 ҳазор тонна маъданро ташкил медиҳад ва дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан он ба 1 миллион тонна баробар хоҳад шуд.





«Насби таҷҳизоти корхона моҳи октябр ба анҷом расида, моҳи октябри соли ҷорӣ маҳсулоти аввалин тавлид хоҳад гардид, – идома дод Х.Юлдошев. – Айни замон дар корхона беш аз 300 нафар машғули коранд».





Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, мақомоти роҳбарии корхона аз ҷониби Чин хостори онанд, ки ҳукумати маҳаллӣ зудтар масъалаи ҷудо кардани қитъаи заминро ҷиҳати сохтмони иншооти зерсохтори ширкат ҳал кунанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.