Дар Хуҷанд маҳбуси гурехта боздошт гардид

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон маҳбусе, ки як ҳафта пеш аз зиндони тартиботи сахт гурехта буд, боздошт гардид. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии зиндон дар яке аз манзилгоҳҳои микрорайони 8-ум гуреза Бахтиёр Баротовро дастгир намуданд. Айни замон нисбат ба амали ӯ тибқи моддаи 365 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.






Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Баротов барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳкум гашта, моҳи июни соли 2005 ба ҳабс гирифта шуда буд. Шаби 1-уми июл ҳамроҳи ӯ боз як маҳбус – шаҳрванди Русия Расим Баширов, ки барои аъзогӣ дар созмони экстремистии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» 19 сол зиндонӣ гашта буд, низ аз маҳбас нияти гурехтан дошт. Маҳбусонро он замон


посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.





Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...