Дар Хуҷанд маҳбуси гурехта боздошт гардид

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон маҳбусе, ки як ҳафта пеш аз зиндони тартиботи сахт гурехта буд, боздошт гардид. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии зиндон дар яке аз манзилгоҳҳои микрорайони 8-ум гуреза Бахтиёр Баротовро дастгир намуданд. Айни замон нисбат ба […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон маҳбусе, ки як ҳафта пеш аз зиндони тартиботи сахт гурехта буд, боздошт гардид. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии зиндон дар яке аз манзилгоҳҳои микрорайони 8-ум гуреза Бахтиёр Баротовро дастгир намуданд. Айни замон нисбат ба амали ӯ тибқи моддаи 365 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.






Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Баротов барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳкум гашта, моҳи июни соли 2005 ба ҳабс гирифта шуда буд. Шаби 1-уми июл ҳамроҳи ӯ боз як маҳбус – шаҳрванди Русия Расим Баширов, ки барои аъзогӣ дар созмони экстремистии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» 19 сол зиндонӣ гашта буд, низ аз маҳбас нияти гурехтан дошт. Маҳбусонро он замон


посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.





Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.