Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ҷудо карданист

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд (БРО) ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ихтисос диҳад. Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов хабар дод, ки ҳайати БРО таҳти сарварии сариқтисодчии бонк Рабиҳ Маттар бо боздиди чаҳоррӯза ба Душанбе омадаанд. Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони бонк ҷиҳати мушаххас […]

Виктория Наумова



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд (БРО) ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ихтисос диҳад.






Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов хабар дод, ки ҳайати БРО таҳти сарварии сариқтисодчии бонк Рабиҳ Маттар бо боздиди чаҳоррӯза ба Душанбе омадаанд.





Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони бонк ҷиҳати мушаххас сохтани моддаҳои хароҷоте, ки аз ҳисоби бурси ҷудошуда молиягузорӣ карда мешаванд, бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода мулоқот карданд.





Ба қавли намояндаи вазорат, дар чаҳорчӯбаи азхудсозии бурс захираҳои зироатҳои ғалладона зиёд карда шуда, тухмиҳои босифат,

 

нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ мешаванд.





Зимни сафар ҳайати бонк ҳамчунин бо мақомоти роҳбарии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад кард.





Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар дар шаҳри Душанбе ёддошти ҷудо кардани бурс ба имзо мерасад.





Дар ҳамин ҳол, Ғ.Расулов изҳор дошт, ки пас аз 2 моҳ ба шаҳри Душанбе ташрифи боз як ҳайати дигари Бонки исломии рушд дар назар аст. Интизор меравад, ки онҳо масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо кардани қарзҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддатро баррасӣ мекунанд. Айни замон маблағи қарзҳо норавшан аст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.