Дар пойтахт оид ба таъмири асосии кӯчаи Н.Қаробоев тендер эълон гардидааст

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт оид ба таъмири асосии қисмати ғарбии роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаробоев (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) ва сохтмони роҳи мошингард аз кӯчаи Камонгарон (Заводская) то назди бинои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ тендер баргузор мешавад. Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ки […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт оид ба таъмири асосии қисмати ғарбии роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаробоев (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) ва сохтмони роҳи мошингард аз кӯчаи Камонгарон (Заводская) то назди бинои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ тендер баргузор мешавад.






Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт корҳои таъмир дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва харҷномавӣ бо хулосаҳои ташхиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иҷро мегарданд.





Бино ба иттилои манбаъ, мири шаҳр бобати ташкили комиссияи тендерӣ барои интихоби пудратчии асосии иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ба зиммаи ин комиссия вогузор гардидани дар мӯҳлатҳои пешбинишуда омода сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ҷамъбасти тендер супориш додааст.





«Сарраёсати ободонии пойтахт чун фармоишгар вазифадор карда шудааст, ки бо риояи талабот ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба комисссияи тендерӣ пешниҳод намояд», – афзуд Ш.Саидов.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.