Бар асари садамаи нақлиёти кӯдаки 13-сола ба ҳалокат расид

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Бар асари беэҳтиётии ронанда кӯдаки 13-сола фавтид. Аз маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи «Нисан-Максима» Бахтиёр Маликов дар километри 12-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд кӯдаки 13-соларо зер кардааст, ки бар асари захмҳои бардошта ӯ дар ҷои ҳодиса […]

Валентина Кондрашова



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Бар асари беэҳтиётии ронанда кӯдаки 13-сола фавтид.






Аз маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи «Нисан-Максима» Бахтиёр Маликов дар километри 12-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд кӯдаки 13-соларо зер кардааст, ки бар асари захмҳои бардошта ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гаштааст.

         






Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи он 2 нафар фавтида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.





Мувофиқи маълумоти Раёсати БДА ВКД ҶТ дар шаш моҳи соли равон кам шудани ҳодисаҳои садамаҳои нақлиётӣ ба андозаи 6,2% (741 – соли равон ва 790 – ҳамин давраи соли гузашта) ба қайд гирифта шудааст.





«Ҳамчунин шумораи ҷабрдидагон низ кам шудааст, – изҳор дошт манбаъ. – Агар дар шаш моҳи соли гузашта бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ 184 нафар фавтида бошанд, соли равон ин рақам ба 181 нафар расидааст».





«Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 901 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта бошанд, пас, ин рақам соли равон ба 850 нафар баробар аст», – афзуд сарчашма.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.