Прокуратураи Панҷакент қонуншиканиҳои соҳаи андозро бартараф месозад

Панҷакент. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ амрнома ва огоҳиномаи прокурорӣ дода шудааст. Прокурори шаҳр Рустам Азизов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баргузории санҷиши назорати прокурорӣ ва тафтишоти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар нимсолаи аввал 137 огоҳинома ва 110 эътирознома бароварда шудааст. […]

Азим Мамадҷонов



Панҷакент. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ амрнома ва огоҳиномаи прокурорӣ дода шудааст.






Прокурори шаҳр Рустам Азизов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баргузории санҷиши назорати прокурорӣ ва тафтишоти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар нимсолаи аввал 137 огоҳинома ва 110 эътирознома бароварда шудааст.





Ба қавли ӯ, дар натиҷаи баррасии қарорҳои мазкур нисбат ба 104 нафар ҷавобгарии интизомӣ,

 

94 нафар ҷавобгарии моддӣ ва 131 нафар ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.





«Ба буҷаи ҷумҳурӣ 491 ҳазору 718 сомонӣ хисороти воридгашта баргардонида шудааст, – идома дод прокурор. – Дар маҷмӯъ, ба додгоҳ 36 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1 миллиону 779 ҳазору 382 сомонӣ ирсол гардидааст».





Дар шарҳи ирсоли амрномаву аризаҳои даъвогӣ Р.Азизов изҳор дошт, ки бештари маблағҳо ба соҳаи андоз дахл доранд ва бо айби рафтори хунукназаронаи кормандони нозироти андоз ба вуҷуд омадаанд.





«Ҷиҳати ошкор сохтан, пешгирӣ намудан ва бартараф сохтани қонуншиканиҳо прокуратура тамоми чораҳоро меандешад», – афзуд Р.Азизов.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.