Бинои яке аз театрҳои қадимтарини ҷумҳурӣ ба таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад

Конибодом. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бинои театри давлатии мусиқӣ ва драмавии ба номи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, ки солҳои 30-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба азнавсозӣ ва таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад. Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова мегӯяд, ки дар муддати тамоми фаъолияти театр якчанд маротиба таъмири ҷорӣ гузаронида шуда буд, […]

Акмал Алиев



Конибодом. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бинои театри давлатии мусиқӣ ва драмавии ба номи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, ки солҳои 30-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба азнавсозӣ ва таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад.






Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова мегӯяд, ки дар муддати тамоми фаъолияти театр якчанд маротиба таъмири ҷорӣ гузаронида шуда буд, вале барои таъмири асосӣ маблағ кифоя намекард.





Ба гуфтаи ӯ, шӯъбаи фарҳанги шаҳр ба вазорати фарҳанг ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои таъмир муроҷиат кард.





«Гап сари он аст, ки барои сохтмони бинои нав маблағи хеле зиёд зарур аст, вале алҳол метавон дар бинои кӯҳнаи театр таъмири асосӣ гузаронид», – идома дод З.Раҳимҷонова.





Дар ҳамин ҳол, ба қавли ӯ, нисбат ба солҳои пешин маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ ба соҳаи фарҳанг афзудааст.





«Соли равон барои таъмир ва бою ғанӣ гардонидани фонди адабиёти китобхонаи марказии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз буҷаи Вазорати фарҳанг 13,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, – гуфт мудири шӯъбаи фарҳанг. – Барои мактаби нави санъати кӯдакона, дастрас кардани нақлиёт барои ҳунармандон ва харидории сарулибоси театрӣ аз буҷаи вилоятӣ ва шаҳрӣ мутаносибан 50 ҳазор ва 37,4 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд».





«Дар навбати худ дастаҳои ҳунарӣ ва кормандони мо дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҷассамаву ёдгориҳои боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳрро барқарору таъмир сохтанд», – афзуд З.Раҳимҷонова.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.