Вазорати кишоварзии ҶТ бо маблағи бурси Бонки рушди Осиё 1 ҳазор тонна тухмии ғалладона мехарад

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад. Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад.






Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди баррасӣ қарор гирифт.





Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳаҷми хисороти расида ба соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот гузаронида, муайян карданд, ки он ба 320 млн. сомонӣ баробар аст.





«Зимни мулоқот қайд гардид, ки аз ҳама бештар зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ зарар дидаанд, ки маблағи он 70 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт сухангӯи вазорат.





Н.Додобоев изҳор дошт, ки дар оянда баррасии пешниҳоди вазорат бобати ҷудо кардани беш аз $400 млн. ҷиҳати таъминот бо тухмии ғалладонаи тирамоҳӣ, техника ва татбиқи барномаи рушди зерсохтори бахши кишоварзӣ дар назар аст.





«Вазорат ният дорад, бо ин маблағ аз Русия тухмии гандуми навъи краснодариро, ки ҳосилнокиаш ба 40 сентнер баробар аст, харидорӣ намояд», – зикр кард Н.Додобоев ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳӣ 50 ҳазор тонна тухмии ғалладона зарур аст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.