Дар соҳаи тандурустии ҶТ рамзи шартии ягонаи айнияти хизматрасонии тиббӣ ҷорӣ мегардад

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии тарзи бақайдгирии беморон ва баҳисобгирии хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз рамзи шартии ягона зимни расонидани кӯмаки тиббии махфӣ ба беморон баргузор мешавад. Ассистенти барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ» Бахтиёр Тӯраев хабар дод, ки маросими муаррифӣ аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи USAID оид […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии тарзи бақайдгирии беморон ва баҳисобгирии хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз рамзи шартии ягона зимни расонидани кӯмаки тиббии махфӣ ба беморон баргузор мешавад.






Ассистенти барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ» Бахтиёр Тӯраев хабар дод, ки маросими муаррифӣ аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи


USAID


оид ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Ӯзбекситон, Тоҷикистон ва минтақаи водии Фарғонаи Қирғизистон, ки Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди Мусоидат – Тоҷикистон амалӣ месозад, созмон дода шудааст.





«Рамзи шартии ягона аз ҳуруф ва рақамҳо иборат буда, фардӣ ва беназир аст, зеро дигарон имкон надоранд ба кӣ тааллуқ доштани онро муайян намоянд», – гуфт Б.Тӯраев.





Ба қавли ӯ, чунин тарзи кор бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чун нашъамандон ва беморони ВИЧ/СПИД хеле таъсирбахш аст.





«Низоми истифодаи рамзи шартии ягонаи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Суғд мавриди амал қарор дода шуда буд ва самараи хуб овард, – идома дод Б.Тӯраев. – Аз ин рӯ, Вазорати тандурустии ҶТ пешниҳод сохт, ки чунин низоми хизматрасонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад».





Интизор меравад, ки дар маросими муаррифӣ намояндагони Вазорати тандурурустӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ, Маркази тарзи ҳаёти солим, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандӣ, Маркази мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД, созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байнулмилалӣ иштирок хоҳанд кард.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.