Дар Душанбе маъракаи «70 рӯзи масъулият» оғоз гардид

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе дар робита ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдодаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ маъракаи «70 рӯзи масъулият»- ро барои тамоми сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории пойтахт эълон намуд. Зимнан, муқаррар гардид, ки то 20 сентябри соли ҷорӣ комиссияҳои ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳолати омодагиҳоро […]

root



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе дар робита ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдодаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ маъракаи «70 рӯзи масъулият»- ро барои тамоми сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории пойтахт эълон намуд.






Зимнан, муқаррар гардид, ки то 20 сентябри соли ҷорӣ комиссияҳои ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳолати омодагиҳоро дар таносуби ҳар кадом шаҳраку маҷаллаҳои навоҳӣ ва корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоша мавриди санҷиш қарор медиҳанд.





Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз тамоми сокинон даъват ба миён оварда шуд, ки нисбати ин маъракаи муҳим бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намуда, оид ба камбудиҳои мавҷуда, ки масъулин ҳангоми омодагиҳо ба мавсим роҳ додаанд унвонии комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои 221- 35- 68 ва 221- 62-56 муроҷиат намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.