Донишгоҳи Русия аз Хуҷанд ба Қирғизистон кӯч баст

Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Филиали Донишгоҳи нави Русия дар Осиёи Марказӣ аз Хуҷанд ба ноҳияи Лайлоқи вилояти Баткенти Қирғизистон кӯчид. Ректори донишгоҳи номбурда Мақсудҷон Боқиев иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта онҳо таҷҳизоту китобҳо ва лавозимоти озмоишгоҳҳоро ба бинои таъмиршуда бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳро лозим омад барои он ба кишвари ҳамсоя кӯч бандад, […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Филиали Донишгоҳи нави Русия дар Осиёи Марказӣ аз Хуҷанд ба ноҳияи Лайлоқи вилояти Баткенти Қирғизистон кӯчид.






Ректори донишгоҳи номбурда Мақсудҷон Боқиев иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта онҳо таҷҳизоту китобҳо ва лавозимоти озмоишгоҳҳоро ба бинои таъмиршуда бурдаанд.





Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳро лозим омад барои он ба кишвари ҳамсоя кӯч бандад, ки Вазорати маорифи ҶТ мӯҳлати иҷозатномаи онро барои идомаи пешниҳоди хизматрасониҳои маърифатӣ тамдид накардааст.





«Дар таърихи 9-уми июни соли ҷорӣ байни вазорати маорифи Русия ва Қирғизистон созишнома дар бораи ифтитоҳи донишгоҳ дар Қирғизистон ба имзо расид ва мо имкон пайдо кардем, ки ба Қирғизистон кӯч бандем, – изҳор дошт ректор. – Дар Қирғизистон ба мо дар майдони 6 ҳазор метри мураббаъ бинои сеошёна ҷудо карданд, ки ҷиҳати ҷобаҷогузории таҷҳизот ва синфхонаҳои дарсӣ шароити мусоид дорад».





«Айни замон ҳуҷҷатҳои довталабонро аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ қабул карда истодаем, – идома дод М.Боқиев. – Соли равон ҳудуди 200-250 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд ва шумораи умумии донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона ба 1500 нафар мерасад».





Ба қавли М.Боқиев, дар донишгоҳ ҳамчунин факултаҳои нави равоншиносӣ ва иқтисоди байнулмилалӣ ифтитоҳ гардидаанд.





Донишҷӯёни вилояти Суғд ҷиҳати равуо ба донишгоҳ мушкилие ҳис нахоҳанд кард, зеро аз шаҳри Хуҷанд то ин ҷо хатсайри мунатазами нақлиёти ҷамъиятӣ амал мекунад.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.