Гурӯҳи корӣ бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихоботро бояд дастгирӣ мекард, – коршинос

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ягона камбуди асосии кори гурӯҳи корӣ дар он аст, ки онҳо бобати бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихобот ба мувофиқа нарасиданд», – изҳор дошт ҳуқуқшиноси варзида Ашӯрбой Имомов.   А.Имомов, ки дирӯз дар маросими ба имзо расидани лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ягона камбуди асосии кори гурӯҳи корӣ дар он аст, ки онҳо бобати бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихобот ба мувофиқа нарасиданд», – изҳор дошт ҳуқуқшиноси варзида Ашӯрбой Имомов.







 

А.Имомов, ки дирӯз дар маросими ба имзо расидани лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба


Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» чун коршиноси мустақил иштирок кард, изҳор дошт, ки низоми ҷазодиҳӣ дар Тоҷикистон инсонпарварона нест,


«аз ин рӯ, мо бояд онро ба эътибор гирем».



 








«Гап сари он аст, ки муқаррароти мазкури тибқи моддаи 33-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» пешбинишуда, ба меъёрҳои қонунгузории байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, – изҳор дошт ӯ. – Ин дар ҳолест, ки сол то сол сафи шахсони дорои доғи судӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мешавад ва бад ин сурат онҳо аз ҳуқуқи номзадиашонро гузоштан дар интихобот маҳрум мегарданд».





Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни мубоҳисаҳои якмоҳа намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон пешниҳод сохтанд, ки чунин маҳдудият бекор карда шавад, вале аксари иштирокчиён онро дастгирӣ накарданд.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.  



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.