Тайи 6 моҳ дар ҶТ беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тайи шаш моҳи соли равон беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил кардааст. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи агентии номбурда муовини директори агентӣ Анвар Бобоев дар ин хусус иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ


тайи шаш моҳи соли равон беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил кардааст. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи агентии номбурда муовини директори агентӣ Анвар Бобоев дар ин хусус иттилоъ дод.






Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи пешакӣ аз рӯи Барномаи мусоидати шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 663 адад зиёдтар аст.





«Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, шумораи коргарони кирояи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун соли ҷорӣ ба 1 млн. 33,7 ҳазор нафар расидааст, ки 50,9 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил медиҳад», – гуфт А.Бобоев.





Ӯ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввал агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 73 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кардааст, ки дар он 973 корхонаву муассисот иштирок карда, 14 ҳазору 771 ҷойҳои корӣ пешниҳод сохтаанд.





«2 ҳазору 895 нафар бекорон бо кор таъмин гардида, 779 нафар ба курсҳои омӯзиши касб номнавис шуданд ва 103 нафари онҳо имрӯз пас аз хатми курсҳо соҳиби касбу кори муайяне шудаанд», – афзуд А.Бобоев.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.