Хадамоти вогириву беҳдоштии Кӯлоб байторон ва масъулони идораҳои обу корезро ҷарима мебандад

Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази минтақавии давлатии назорати вогириву беҳдоштии Кӯлоб сардори хадамоти байтории ноҳияи Фархор Ашӯр Холовро ба миқдори 2 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима кардааст. Директори марказ Саид Давлатов мегӯяд, ки дар ноҳияи Фархор эмкунии чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз бемории оқсил саривақт гузаронида нашуд. Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта сардори […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази минтақавии давлатии назорати вогириву беҳдоштии Кӯлоб сардори хадамоти байтории ноҳияи Фархор Ашӯр Холовро ба миқдори 2 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима кардааст.






Директори марказ Саид Давлатов мегӯяд, ки дар ноҳияи Фархор эмкунии чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз бемории оқсил саривақт гузаронида нашуд.





Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта сардори раёсати идораи обу корези ноҳияи Темурмалик Абдусалом Раҷабалиев ба миқдори 8 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима карда шуда, санадҳои зарурӣ ба додситонӣ ирсол гардидаанд.





«Ба огоҳиномаҳо нигоҳ накарда, дар ноҳия камбудиву ноҷӯриҳои таҷҳизоти нгаҳдории моддаи хлор дуруст нагардида ва дар шаҳраки Темурмалик 3 зарфи нигаҳдории обро тоза накардаанд», – изҳор дошт С.Давлатов.





«Моро лозим омад, ки худамон бевосита ба ноҳия моддаи гипохлориди калтсий бурда, кори таҷҳизоти нигаҳдории хлорро аз нав барқарор созем, – идома дод ӯ. – Акнун бо аъмоли Раҷабалиев додситонӣ машғул аст».



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.