Тайи шаш моҳи соли равон дар Хатлон шумораи гирифторони бемории норасоии муҳассали масуният ба миқдори З3 нафар афзуд

                                                         Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи шаш моҳи соли равон дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон Марказҳои боварии хизматрасонӣ ба нашъамандоне, ки аз сӯзандору истифода мебаранд, […]

Турко Дикаев




       






                                  








             

Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи шаш моҳи соли равон дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон Марказҳои боварии хизматрасонӣ ба нашъамандоне, ки аз сӯзандору истифода мебаранд, ифтитоҳ гардиданд.






          

Директори маркази пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО/БНММ-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал боз 33 нафар гирифторони нав ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуданд ва акнун шумораи онҳо ба 226 нафар баробар аст.






          

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои боварӣ бо таҷҳизот, асбобу анҷоми хона, лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ таъмин гардидаанд. «Дар ҳар як марказ 6 нафар, аз ҷумла як пизишк, як машваратчӣ ва чаҳор нафарӣ кормандони сатҳи миёнаи тиббӣ машғули коранд, – изҳор дошт манбаъ. – Барои мутахассисон ин боз 30 ҷои кори иловагӣ аст».






               

«Зарурати ифтитоҳи марказҳо ба он марбут аст, ки 52,7 дарсади гирифторони касалии ВНМО/БНММ нашъамандонанд», – идома дод Д.Қунғуротов.






               

«Акнун мушкилоти асосӣ муҳоҷирони меҳнатианд ва зарур аст, ки ба онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд», – афзуд ӯ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.