Кишоварзони ноҳияи Восеъ маъракаи дарави ғалларо анҷом доданд

Кӯлоб. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони ноҳияи Восеъ аз аввалинҳо шуда дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маъракаи дарави ғалларо дар майдони 5 ҳазору 10 гектар ба анҷом расониданд. Аз идораи кишоварзии ноҳия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҳар гектар ба андозаи 16,3 сентнер ҳосили гандум гирифта шудааст, ки он дар маҷмӯъ, 8 […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони ноҳияи Восеъ аз аввалинҳо шуда дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маъракаи дарави ғалларо дар майдони 5 ҳазору


10 гектар

ба анҷом расониданд.






Аз идораи кишоварзии ноҳия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҳар гектар ба андозаи 16,3 сентнер ҳосили гандум гирифта шудааст, ки он дар маҷмӯъ, 8 ҳазору 166 тоннаро ташкил медиҳад.





«Ба заминҳои холишуда зироатҳои дигар кишт карда мешаванд», – изҳор доштанд дар идораи кишоварзии ноҳия.





Дар ҳамин ҳол, сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки маъракаи дарав дар саросари минтақа ба таври қаноатбахш ҷараён дорад.





«Дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Балҷувон дар майдони 13 ҳазор гектар гандум кишт шудааст ва маъракаи дарави ғалла дар ин ноҳияҳо ҳоло оғоз нагардидааст, -идома дод манбаъ. – Бо вуҷуди он, дар ноҳияҳои дигар маъракаи дарав ба итмом расидаст, ки он қариб 70 дарсади нақшаро ташкил дода, ба анборҳо ҳудуди 35 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст». Мавсуф таъкид сохт, ки хушксолии имсола ба ҳосилнокӣ таъсири амиқ расонидааст.

 






«Дар аксари ноҳияҳо ва бахусус дар Данғара деҳқонон ҳосилро ба хотири гирифтани коҳ медараванд, зеро хушксолӣ имкон надод, ки хӯшаи гандум бо тухмӣ пур шавад», – гуфт А.Раҷабов.





Ёдрас мекунем, ки ғаллакорони Кӯлоб соли ҷорӣ ният доштанд, аз майдони умумии 80 ҳазору

610 гектар

на камтар аз 141 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оранд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.